БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар меҳвари суҳбатҳо бо мардум

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Боғчигдаи ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи  Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил, бо сокинон  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ мулоқот  бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон санаи 12.05.2018 ва вохӯрӣ бо роҳбарон, соҳибкорон, роҳбарони хоҷагиҳои деқонӣ ва фаъолони ноҳияҳои вилояти Хатлон оиди соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ  дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон баррасӣ карда шуда, инчунин дар ин раванд тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва рушди дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро андешаронӣ карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg