БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ ИФОДАГАРИ ҒОЯҲОИ ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ ВА АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ

АНДЕША. Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ гардид, тӯли ин давраи назди таърих начандон тӯлонӣ ин санади муҳими тақдирсоз собит намуд, ки шакли идораи давлату давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ҷомеаи ҷаҳони кишвари моро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ демократӣ ва ягона эътироф намуд.  Дар воқеъ ҳам, соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо заминагузори қабули ин санади муҳим гардид, балки зарурати таҳия ва қабули Конститутсияро ба миён овард. Аз сӯи дигар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли мо заминаи воқеӣ гузошта дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдории Тоҷикистони тозаистиқлол нақши ниҳоят муҳим гузошт.

Конститутсия маншаи шаклгирии низоми нави қонунгузорӣ арзёбӣ гардида, баҳри ширкати озодонаи ҷомеа дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идоракунии давлат мусоидат намуд. Он ҳамчун қонуни асосӣ аз дигар қонунҳо бо хусусиятҳои вижаи худ фарқ мекунад. Конститутсия муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, асоси сохтори конститутсиониро муайян менамояд ва меъёрҳои он бевосита амал мекунанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Зеро 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба  мавзӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Мавриди зикр аст, ки  пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ин ҳуҷҷати тақдирсоз мукаммал гардид. Дар мисоли моддаи 5-уми Қонуни асосии кишвар комилан тағйир ёфа тибқи ин тағйирот инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуд, ин меъёрҳои зикргардида, ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин маврид ба ёдоварист, ки бори нахуст дар замони соҳибистиқлолии кишвар, яъне дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят бузурги таърихӣ дорад. Бори аввал буд, ки ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод.

Аз назари ҳуқушиносон бо вижагиҳои хоси худ заминагузори ҳадафҳои муҳиме ба мисли бунёди давлати соҳибистиқлол рушду ташаккули ҷомеаи  демокративу  ҳуқуқбунёд арзёбӣ гардида, дар такмили ниҳодҳои давлат ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Асли Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистонро ифодагари арзишҳои милливу умумибашарӣ  ба ҳисоб рафта, маҳз бо қабули он бори нахуст забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард. Тавассути ин санади муҳими таърихӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф шуда, ҷомеаи  Тоҷикистони соҳибистиқлол шакли идоракунии Президентиро интихоб намуд ва инчунин Парлумони думаҷлисаи доимоамлкунандаи касбӣ таъсис дода шуд.  Дар асоси қонуни асосии кишвар шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ эътибори қонунӣ пайдо кард  ва маҳз ин санади тақдирсоз масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад, ки ин далели афзалият доштани ҳуқуқи инсон дар давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити ҷаҳони муосир соҳибихтиёрӣ, ё худ ба маънои васеъаш истиқлоли воқеии давлатро бе иқтисодиёти мунтазам рушдкунанда таъмин кардан душвор аст. Конститутсияи соли 1994 як зумра ҳукуқҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандонро муқаррар мекунад, ки амалишавии бемайлони онҳо иқтисоди бақувватро бо мурури замон ба вуҷуд меоранд. Пеш аз ҳама, Конститутсия вазъи кунунии иҷтимоӣ ва дурнамои онро инъикос карда, шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро эътироф карда, бад-ин восита ба ривоҷи фаъолияти соҳибкорӣ замина мегузорад. Усули муҳими дигар манъ будани меҳнати маҷбурӣ ва манъи истифодаи моликият барои истисмори шаҳрвандони дигар дар моддаи 35-и Конститутсия зикр шуда, ба ҳар як шаҳрванд имкон дода мешавад, ки дар соҳаи дилхоҳ кор карда, музде гирад, ки аз ҳадди ақали музди меҳнат, ки он аз тарафи давлат муайян карда мешавад, кам набошад. Ҳамин тариқ, Конститутсия ба уҳдаи давлат масъулияти таъмини адолати иҷтимоиро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ вогузор намудааст, ки чунин масъулият бояд бавуҷудоии ҳаргуна гурӯҳҳоеро истисно кунад, ки фишангҳои иқтисодиро воситаи вайрон кардани ҳуқуқҳои иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрвандон қарор медиҳанд. Хулоса, на фард ё гурӯҳи алоҳида, балки шаҳрвандони Точикистон ва дар маҷмӯъ тамоми халқи мамлакат тибқи Конститутсия асоси иҷтимоии онро ташкил медиҳанд.

Конститутсия ҳамчун санади иҷтимоиву фарҳангӣ қабл аз ҳама он муносибатҳоеро таҳти танзим қарор медиҳад, ки онҳо зиндагии озодонаи инсонро таъмин мекунанд. Конститутсия роҳҳои қаноат бахшидан ба талаботи иҷтимоии аъзои ҷомеаро дар соҳаҳои маориф, илм, ҳифзи саломатӣ, фарҳанг таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи меҳнат ва оиларо муқаррар мекунад.

Танзими ҳаёти иқтисодӣ, аз ҷумла мушаххас сохтани шаклҳои моликият, кафолати соҳибкории озод, ҳифзи моликияти фард, масъун будани амволи ҳар кас аз мудохилаи ғаӣриқонунӣ ва ғайра, ки асосу бунёди рушду такомули хаёти ҷомеаро кафолат медиҳад, ифодакунандаи Конститутсия ба сифати санади иқтисодӣ мебошад. 

Конститутсия ҳамчун санади ғоявӣ (идеологӣ) қабл аз ҳама ормонҳои ҷомеаро инъикос намуда, аз маҷмӯи андешаҳо ва афкор иборат мебошад. Гузашта аз ин, худи Конститутсия дар тӯли таърихи мавҷудияташ дар миёни миллату давлатҳои мухталиф асоси танзимкунандаи мафкуравии онҳо қарор гирифтааст. Воқеият чунин аст, ки Конститутсия рӯи мафкураи мушаххас устувор мебошад. Ҳар меъёр ва ҳар бахши Конститутсия сарфи назар аз мазмуни танзимашон, хоҳ сухан дар бораи ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ равад ва ё ба вазъи ҳуқуқии инсон ишора кунад, аз мағзи мафкуравӣ бархурдоранд. Аз ин рӯ, Конститутсия аз санаде, ки рӯи усули ҷаҳонбинии мушаххас устувор аст намояндагӣ намуда, аз ин роҳ ба ҳаёти маънавии ҷомеа тавассути интишори афкор, тасаввурот ва арзишҳои мушаххаси сиёсиву ҳуқуқ таъсири ҷиддӣ ворид мекунад. Маҳз ҳамин хусусияти Конститутсия ифодакунанда ва муаӣянкунандаи ғояи мустақили давлат мебошад.

Ҳамин тавр, Конститусияи Ҷумҳурии Точикистон аз ташаккулёбии давлати конститутсионӣ ва вобастагии воқеӣ доштани ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз меъёрҳои конститутсионӣ зимни иҷрои ваколатҳояшон дарак медиҳад.    Албатта, дар тӯли як фосилаи кӯтоҳи таърихи дар партави Конститутсия гузаронидани ислоҳоти ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ аз пешрафти мӯътадилу ором ва босуботи давлату ҷомеа далолат мекунад. Ба ин, пеш аз ҳама, фазои сулҳу ваҳдат ва кӯшишҳои мардум барои, мутобиқшавӣ ба шароити дар ибтидо душвори иқтисоди бозаргонӣ мусоидат мекунад.

Тавре ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳарчи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муварфақ, шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».

Хулоса бо гузашти 27 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократия давлати Точикистон ва ваҳдати он мустаҳкам гардонида шуда, бо шарофати рушду инкишофи соҳаву сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ сатҳи иҷтимоии аҳолӣ беҳтару хубтар гардид. Бо мурури ноил шудан ба ҳаёти осоиштаву шоиста ва хушбатхтиву саодати зиндагӣ  халқи тоҷик баҳри амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони хеш саъю талош намуда истодаанд.

Рўзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Неъматулло Иброҳимзода, раиси КИ ҲХДТдар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg