А.ҶОМӢ. Вохӯриву суҳбатҳои мазкур бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дур уст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва сокинони деҳаи Каҷкамари ҷамоати деҳоти Ифтихор вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор гардид.
Мутобиқи қисми 4 банди 2-и Оинномаи ҲХДТ, дар деҳаи Каҷкамар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Каҷкамар» таксис дода шуда, бо ҷонибдории иштирокдорон Қулатов Файзиддин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.