Н.ХУСРАВ. Дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиркистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба иҷрои нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» баргузор намуда, ба маъюбони бистарии ноҳия вобаста ба имконияти молиявӣ кӯмак расонида шуд.
Ин навбат иқдоми неку ватандӯстонаи ҳизбиёни ноҳияи Носири Хусрав ба маъюби бистарӣ сокини маҳаллаи Олтинсойи ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия Давлатова Насиба ба маблағи 150 сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Чунин амалщои нек дар партави сиёсати некбинонаи Пешвои миллат идома доранд.