ДӮСТӢ. Вобаста ба пешгирии касалиҳои сироятӣ, хусусан бемории ҳамагири Ковид-19 ва зуком, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо табибони Маркази саломатии ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд.
Доир ба ин масъала муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Зоиров С баромад карда, барои софдилона хизмат намудани табибон ба аҳолӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи иҷроия ва табибони КАТС, ҳарчи зиёдтар корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии касалиҳои сироятӣ байни аҳолӣ гузаронида шуда, варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шаванд.
Дар рафти вохӯрӣ якчанд табибони таҷрибадор, вобаста ба ин масъала фикру ақидаҳои худро баён дошта, пешниҳод намуданд, ки вобаста ба пешгирии касалиҳо ва тарзи табобати онҳо мақолаҳои табибон дар рӯзномаи ноҳиявӣ чоп карда шавад.
Дар анҷоми маҷлис ба як қатор табибони ҷавоне, ки нав ба аъзогии ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.