БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНҲОИ ФАННӢ НАВРАСОНРО БА ОМӮЗИШ БЕШТАР ҶАЛБ МЕКУНАД

АНДЕША. Мардуми бомаърифату босаводро идора кардан осон аст. Бо ҳамин мақсад бештари давлатҳо кӯшиш бар он менамояд, ки шаҳрвандон дар синни наврасӣ саводу дониш гирифта, ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шаванд. Ҷомеае, ки аксарияти шаҳрвандонаш дорои маълумот аст ӯ новобаста аз дорои сарватҳои зеризаминиаш рушд мекунад. Давлат ва дигар корҳои ҷамъиятиро нафарони маълумотдор пеш мебаранд. Зеро ҳар як сохтор ва соҳа  ба худ илми махсусеро дорад, ки бе донистани он мушкил аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи иҷтимоиёт,  хусусан маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Зина ба зина мушкилоти мавҷудаи ин соҳаро бартраф намуда, тамоми шароитро барои насли наврас муҳайё кард. Шумораи донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳоро зиёд намуд, ки шаҳрвандон таҳсили худро идома диҳанд. Дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо сохтмони иншоотҳои наву замонавиро барои таҳсил ба нақша гирифта,  тибқи Барномаҳо амалӣ карда мешаванд. Боз барои ҳавасманд ва ҷалб намудани наврасон ба илмомӯзӣ озмунҳои фаннӣ эълон карда шуд. Ин озмунҳои фаннӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Яке аз ҷиҳати мусбии озмунҳои фаннӣ дар он аст, ки наврасон дар даст китоб гирифта ба мутолиа ва азхуд кардани илм бештар кӯшиш мекунанд.

Ин иқдом тавонист, ки насли наврасро  ҷиҳати омӯузиши илм ҷалб созад. Аз ҷониби дигар волидайни наврасон барои саводнок шудани фарзандонашон талош намуда,  барои онҳо шароити муфидро фароҳам меоваранд.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg