ВОКУНИШ. Имрӯзҳо симои аслии хоинони миллат маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон онҳоро ҳамчун хоин, ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоинони миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона доранд ва шахсони дарбадару дур аз Ватан ҳастанд. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад. Хиёнаткоронро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Онҳо бошанд хоинони миллат ва ватанфурӯшон аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурӯғу фитнаангезро нисбати ҷомеаи мо паҳн мекунанд. Аслан ин хоинони ватанфурӯш ва ташкилкунандагони онҳо ҳеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардаанд ва ҳамеша мухолифи давлатанд. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд.
Имрӯз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф астд. Онҳо ягон нияти нек надоранд. Имрӯз онҳо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Он палидони ватанфурӯш муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонанд ва аз хориҷа истода обрӯю нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғу бемаъниашон дар арсаи ҷаҳон паст кардан мехоҳанд.
Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ин фитнаҷӯён мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои олӣ ноил мегардад.
Сафар Ҳ.Р., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ