ФАРХОР. Зери ҳамин мафҳум дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ мавсуф оид ба аҳамият ва қайд кард, ки 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, дар бораи санаҳои муҳими ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар идомаи суҳбат суханронӣ намуданд.