АНДЕША. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатсозӣ ҲХДТ ҳамчун ҳизби бориз ва созандаю ободкор нақши босазоеро дар таърихи навин дорад.
ҲХДТ аз умқи дили мардум реша гирифта, дар лаҳзаҳое рӯйи кор омад, ки Тоҷикистон дар марҳилаҳои ҳассос ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Дар ин лаҳзаҳои вазнини тақдирсози миллат роҳбаре лозим буд, ки мардуми сарсону парешонгаштаро бо ақидаҳои солим сарҷамъ намояд.
Худованд ба тақдири ин миллат абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ – ҲХДТ овард.
Ин абармарди дунёи сиёсат тавонист дар атрофи ин ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ мардумро сарҷамъ намояд. Аз он солҳо то ба имрӯз 27-сол сипарӣ гашт, ки ин марҳилаи бисёр мураккабу ҳассоси давлатсозию миллатсозиҳо буд. Нотавонбинону ҳасудон ин пешравиҳою ободкориҳои давлатро дидан намехостанд ва ба ҳар роҳу восита мехостанд нооромиро дар кишвар бедор созанд. Таҷрибаҳои ҳам талху ҳам ширини даврони истиқлолият исботи онанд, ки маҳз сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита мақсаду маромаш дар амал татбиқ намудани чор ҳадафи сратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ин роҳ садоқатмандона ба вуқӯъ пайваст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҲХДТ ин ҳадафҳои созанда аз тарафи ҳар як аъзои ҳизб дар байни ҳамагуна табақаҳои қишрҳои ҷомеа таблиғоту ташвиқот карда мешуд, ҳама ин заҳмату талошҳо бенатиҷа намонд. Дар як муддати кӯтоҳ мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу раъиятпарвар муаррифӣ намояд. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва бахусус ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳаст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳамчун мактаби сулҳофар дар дунё омӯхта мешавад.
Валиева Саъбагул, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб