ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кӯчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мавзуна Чориева» бо ҷалби ҷавонон ва кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур корҳои ободонӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрдорӣ, ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи корхона, нарм намудани бехи дарахтон ва гулҳои кӯчаву роҳрав ҳашари дастаҷамъӣ ба анҷом расонида шуд.