АНДЕША. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ 6-ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳаёти осоиштагии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти соҳаи иқтисодӣ ва гуногунандешии сиёсӣ заминаи воқеӣ гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро арзиши олӣ шуморида, аз ҷониби давлат эътироф ва ҳифз шуданашонро кафолат додааст.
Ин санади муҳим, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси воқеӣ гузоштааст. Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи мо барои рушду тараққии давлату давлатдории навин, муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон нақши намоён дошта, санади ифодакунандаи орзую ормони мардуми Тоxикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 27 соли арзи вуxудаш дар мустаҳкам намудани пояҳои давлату давлатдорӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳм гузошта, обрӯю нуфузи кишварамонро дар миқёси xаҳон муаррифӣ намудааст. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоxикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ, пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав замина гузоштаву муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад.” Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, пас аз таърихи беш аз ҳазорсола аз байн рафтани давлати Сомониён ба вуҷуд омадааст ва имрӯз таҳкурсии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.
Дар Конститутсияи кишварамон забони тоҷикӣ - забони давлатӣ, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ифодаи қонунии худро пайдо намудаанд.
Ин санади муқаддас, ки ҷиҳати рушди ояндаи давлат таҳия ва қабул шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишварамон пойдор сохтааст.
Қобили қайд аст, ки Конститутсия тарзи ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи моро таҷассум намуда, ифодагари ҷаҳонбинӣ ва ҷомеаи мо мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи баландро соҳиб гардида, сиёсатшиносон онро инъикосгари ҷараёни демократӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият буда, дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши бориз дорад.
Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён