БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ

КӮЛОБ. Масъулин аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Мунаввараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саратоншиносӣ” дидан намуданд.

Зимни боздид ба раванди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр  шинос шуда, оид ба бартараф намудан камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки тартиби бақайдгирии узви ҳизб мувофиқи “Низомнома  оид ба тартиби бақайдгириии узви ҲХДТ”  ба роҳ монда шавад ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилот  тибқи Оиннома ва Барномаи   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, аснои боздид аз ҷониби масъулин иҷроиши нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg