БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛ АЗ САНАҲОИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ

КӮЛОБ. Бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Конститутсичяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” дар асоси супориши мақомотҳои болоии ҳизб бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ  Саъбагул Валиева миёни донишҷӯдухтарон озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллат” баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки мақсад аз барузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, ҳифзи ҳуввияти миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тарбия менамояд. Ҳамзамон, мавриди зикри хос аст, ки озмуни мазкур дар доираи таҷлил аз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg