БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ

ҚУБОДИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, дар деҳаи Роҳи нави ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи нав” бо аъзои фаъоли ҲХДТ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Кулулов Мирзосафар иброз дошт, ки хизмат ба Ватан ҳам қарзу ҳам фарз аст, ки ҳар як ҷавонмарди бо нангу номусро зарур аст, ки ин қарзро адо намояд. Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бо роҳи таблиғу ташвиқ ҷавононро ҳавасманд гардонем то, ки онҳо бо ихтиёрӣ худ барои хизмат ба Ватан сафарбар гарданд.

Дар идома иштирокдорони вохӯрӣ иброз намуданд, ки корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро миёни сокинон зиёд намуда, баҳри зиндагии шоистаи онҳо саҳми муносиби худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg