Н.ХУСРАВ. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 27- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол байни хонандагони синфҳои 10-11-и муассиса озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат» баргузор гардид.
Хонандагон фикру ақидаҳои худро вобаста ба мавзуъ ба қалам дода, дар давраи фаъолият Конститутсияро бо шароити зарурӣ барои фаъолияти ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсӣ тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои кулли вуқӯъ пайваст.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, ҳифзи ҳувияти миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ ба шумор рафта, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию, ватанпарварӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия намоем.