БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШТИ БАРВАҚТИИ ТИРАМОҲӢ, ОМИЛИ АСОСИИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

АНДЕША. Таҷрибаи деҳқононии гузаштагони мо ва илми муосири кишоварзӣ исбот кардааст, ки омили асосии гирифтани ҳосилнокии баланд дар водиҳо ин кишти барвақтии тирамоҳӣ мебошад.

Хусусан,  ғалладонагиҳо, ки маҳсулоти асосии ниёзи аввал ба шумор мераванд,  аз қабили гандум ва ҷав, аз сабзавотҳо сабзӣ, пиёз ва картошка, ҳамчунин барои хӯроки чорво бедаро низ дар кишти барвақтии тирамоҳӣ коридан ба манфиати кор мебошад.

Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ якчанд омилҳои дигар низ нақши асосӣ мебозанд, аз он ҷумла шудгори баландсифат, интихоби тухмиҳои навъи аъло ва дорои сертификат, интихоби дурусти қитъаи замин вобаста ба зироат ва мувофиқи меъёр пошидани нуриҳои органикию минералӣ мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир аксарияти деҳқонон беаҳамиятӣ зоҳир карда, қоидаҳои агротехникаи кишоварзиро баҷо намеоранд, заминро шудгори рӯякӣ ва бесифат менамоянд, ҳар гуна тухмиҳоро носанҷида мекоранд, хусусан дар вақти ғизодиҳӣ танҳо аз нуриҳои минералӣ истифода мебаранду халос. Истифодаи зиёди нуриҳои минералӣ ба замин зарари калон расонида, организмҳои зиндае, ки дар хок мавҷуд мебошанд ва ба замин фоидаи зиёд меоранд, маҳв менамояд ва заминро камҳосил мегардонад.   Барои баланд гардонидани ҳосилхезии замин аз нуриҳои органикӣ, пору ва пӯсидаи баргу хазонҳо зиёд истифода бурдан лозим аст. Ин омил метавонад миқдори гумусро дар хок зиёд карда, заминро аз организмҳои зинда бой гардонида ҳосилнокии онро зиёд намояд. Омили дигари зиёд кардани ҳосил ин обмонии мувофиқи меъёр мебошад. Обмонӣ ба зироатҳо бояд сари вақт ва ба суръати паст монда шавад, дар ин маврид замин хуб намнок гардида шусташавӣ ба вуҷуд намеояд. Аз меъёр зиёд мондани об ба зироатҳо, ҳосилнокиро паст карда, ба шусташавии қабати ҳосилхези хок, эрозияи замин ва баланд гардидани обҳои зеризаминӣ оварда мерасонад.

Аз ҳамин лиҳоз ҳангоме, ки кишт менамоем, бояд чунин омилҳоро ба назар гирифта кишти зироатҳои кишоварзиро сари вақт анҷом диҳем, то ки ҳосилнокиро баланд бардошта дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузорем.

Зоиров С., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg