ДӮСТӢ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, барои солҳои 2014-2023", пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тарбияи нокомили наврасон, инчунин риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти "Ҷиликӯл" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, мизи мудаввар баргузор гардид.
Сараввал мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Давлатова М, дар бораи сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дигар баромадкунандагон оиди ин масъала фикру андешаҳои худро баён дошта, гуфтанд, ки яке аз омилҳои пошхӯрии оилаҳоро ин хеле ҷавон ба шавҳар додани духтарон, надоштани касбу ҳунари ҷавонписарон, аз уҳдаи корҳои кадбонугӣ набаромадани наварӯсон ва якдигарнофаҳмии онҳо маънидод карданд.
Дар анҷоми маҷлис пешниҳод карда шуд, ки ҳамаи фаъолзанони ноҳия бо якдигар ҳамкориро хуб ба роҳ монда, дар самти пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фаҳмонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои ҷавондухтарон ва тарбияи дурусти насли наврас корҳои назаррасро анҷом диҳанд.