Сухан дар зиндагонӣ раҳнамо аст,
Сухан андар замон мушкилкушо аст.
На кас ӯро харад на кас фурӯшад,
Сухан чун дурру гавҳар бебаҳо аст.
АНДЕША. Ҳангоми сафар ба ҷойи кор ё ба меҳмонӣ рафтан дар истгоҳ ё дар кӯчаву хиёбон шоҳиди он мегардем, ки на фақат ҷавонон ,балки ҷавонмардоне ёфт мешаванд, ки ба якдигар дашномҳои қабеҳ медиҳанд , аз шунидани чунин суханҳо шарми кас меояд. Онҳо атрофиёнашонро гӯё надида бошанд , ҳол он ки дар атрофашон занону духтарон низ ҳастанд. Магар худи онҳо дар хона модар, апаву хоҳар зану фарзанд надоранд?
Гоҳо ба андеша меравам дар тарбияи чунин ашхос ки гунаҳгор аст ? Оила, мактаб ва ё ҷомеа ё шояд ҳамагон. Онҳо магар дар мактаб дарси одоби муоширатро наомӯхтаанд? Шояд мо атрофиён низ гунаҳгор бошем, чун ки чунин суханони қабеҳу дағалро мешунавему аммо надидаву нашунида мегирем . Ба "лаб муҳри хамӯшӣ мезанем ".
Агар мо ба онҳо ягон сухани пандомез гӯем шояд дар тарбияашон таъсири мусбат расонад. Вале афсӯс ин бетарафии атрофиён мақоли " Туро газад - маро чи ғам" - ро ба ёд меорад . Гумон мекунам чунин ашхос ба монанди заҳрпечакест , ки ба " Боғи Ирам" - и мо тоҷикон хатарнок аст , ба номи пурифтихори тоҷик иснод меорад. Кай ҷомеаи мо аз чунин иллат пок мегашта бошад? Орзуи онро дорам , ки дар ин Ватани ободу зебо, соҳибистиқлолу демократӣ гулҳои бехор бирӯяд . Оруи онро дорам , ки ҷавонони мо ба фикру ақидаҳои солим, ҳувияти миллӣ ва зебоипарастӣ ифтихори Ватану миллати хеш гарданд.
Сухан дониста гӯй то дӯустро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.
М.Давлатова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ҲХДТ дар н. Дӯстӣ