ВАХШ. Дар ҷамоати деҳоти 20-солагии деҳаи Пахтакори ноҳияи Вахш мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок дошта, вобаста ба дастовардҳои 30-соли Истиқлолиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми падару модар таълиму тарбияи фарзанд ва инчунин, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ибрози ақида намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд ва фарзандони худро дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намоянд.