ХУРОСОН. Дар деҳаи Томчии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик ки рӯзи 2 июни соли равон бармеояд, андешаронӣ намуда, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат маслиҳатҳои судманд дод.