БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷомеа

ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Гадоӣ Сайдалиев ва мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродалӣ Шамсов бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Кӯдакистони №1» вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ Гадоӣ Сайдалиев дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияити падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дастовардҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва раванди иҷроиши тадбирҳо дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои кишвар, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯситию инсондӯстӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Муродалӣ Шасов бошад, дар бораи соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аҳли ҷомеъаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба инобати шарҳи мушаххаси имтиёзҳои давлатӣ суханронӣ намуда даъват бар амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg