БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР – ЭҲЁГАРИ НАСЛИ ИНСОН

   Меҳри оламгир дорад модарам,

  Дардро тадбир дорад модарам.

  Аллаҳои ў суруди зиндагӣ,

  Вақти хуштадбир дорад модарам.  

АНДЕША. Модар, чӣ офаридаи муқаддасест?! Албатта онро касе муқаддас меҳисобад, ки ба қадри модар расида тавонад ва ранҷу меҳнати ўро ҳис кунад.

Оре модарро чароғи хонадон гўем, ҳаргиз хато нахоҳем кард. Ҳар як бани башар медонад, ки модар шахси боэҳтиром, азизу бузург барои ҳар як фарзанд буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Модарон чашмаи хушкнашавандаи ҳаётанд. Онҳо ба дунё шахсони бузург ба мисли Рўдакиву Саъдӣ, Айниву Лоиқ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзодаро овардаанд. Модар бо умеди калон фарзанди худро ба воя мерасонад, то ки ў баҳри ояндаи Ватани хеш боҳурмату меҳнатдўст ба камол расад. Аз ин хотир фарзанд бояд доимо қадри модари худро донад, ўро доимо эҳтиром намояд, чунки розигии модар ўро ҳамеша нек медорад. Зеро бузургон гуфтаанд: Биҳишт зери пои модарон аст.  

Модар дар сари гаҳвораи тифли хурдакаки худ бо суруди алла тамоми умеду орзуи худро баён мекунад. Барои муҳофизати ҷигарбандаш ҳатто бо шер метавонад рў ба рў шавад.

Накарда мижа таҳ, биншаста шабҳо,

Бипарвард ў чу ҷон бигрифта дар бар.

Модар хоби ширини худро талх намуда, шабзиндадорї менамояд ва боз субҳидам аз рўи хандони кўдак бўсакунон тамоми хастагиҳояшро фаромўш месозад. Модар воқеан ҳам бузургтарин шахсияти олам аст. Меҳри модар чун хуршеди тобон ва чун обу ҳаво ба мо зарур аст, зеро ки мо аз ин равшанї, аз ин ҳавои соф рўҳу илҳом гирифта, роҳи ҳаёти ояндаи худро бо хотирҷамъӣ пеш мегирем ва сарбаландона кору зиндагӣ мекунем.

Оре, меҳри модар аз ҳамаи неъматҳои дунё афзалтар аст. Модар бузургу бемисол аст ва касе ҳам дар рўи дунё ҷои ўро гирифта наметавонад.

Мехоҳам тамоми модарон, занони рўи замин ҳамеша солиму хушбахт бошанду чеҳраи чун гул шукуфонашон ҳаргиз рўи хазонро набинад.

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg