ЁВОН. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” санаи 30 октябри соли равон дар 17 оромгоҳҳои ноҳияи Ёвон ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар оромгоҳи “Шаҳидон” –и Ҷамоати шаҳраки Ёвон гурӯҳи ҷавонон ва волонтёрони ҳизбӣ аз Коллеҷи технологӣ –фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо як ҳисси баланди ватандорӣ ва пос доштани хотираи гузаштагон ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.
Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон иқдом ва иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи мазкурро шоиста арзёбӣ намуда, ёдовар гардиданд, ки ҷавонону ҳизбиёни Коллеҷи технологӣ- фарматсевтӣ дар тамоми самтҳои ҳизбӣ фаъолияти назаррас доранд.