ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба роҳ мондани хизматрасонии волонтёрӣ - нигоҳубини барҷомондагон ва эҳтиёҷмандон бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон ва 8 нафар волонтёр ба аёдати шаҳрванди пиронсол Силтанатов Салтанат, сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, кӯчаи Ҷ.Румӣ рафта, ҳавлӣ ва хонаи истиқоматии ин шахси барҷомонда тозаю озода гардонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки чунин амали хайру савоб чун анъана идома дошта, ин шахсиятҳои эҳтиёҷманд ва барҷомонда ҳамеша дастгирӣ меёбанд ва аз мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дур нахоҳанд буд.