Н.ХУСРАВ. Бахшида ба сазовор таҷлил намудани 27- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и Ҷамоати деҳоти Фирӯза байни хонандагони синфҳои 11-и муассиса озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Муқаддасоти миллӣ ҳастӣ ва ифтихори мо» баргузор гардид.
Хонандагон фикру ақидаҳои худро вобаста ба мавзуъ ба қалам дода, дар давраи фаъолияти Конститутсия бо шароити зарурӣ барои фаъолияти ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсӣ тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ва ба талаботи муносибатҳои нави ҷаъмиятӣ мувофиқ гардонидан ба меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти ҷомеа ба вуқӯъ пайвастанд.
Баъди санҷидани иншои хонандагон аз ҷониби омӯзгорон ва баҳои сазовор додан ба донишу малакаи онҳо, масъулини Кумитаи иҷроия ба хонандагоне, ки доир ба мавзӯъ фикрҳои ҷолиб навиштаро дар ҳайати 4 нафар муқаррар намуда, ҷойи якум , ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.