Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар чорабиниҳои ҳизбӣ сафарбар намудани ихтиёриён (волонтёрҳо) Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо назардошти вазъи кунунӣ, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» ва кӯчаҳо ба роҳ монда истодааст.
Тибқи нақша дар маҳаллаи Олтинсойи ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки волонтёрони ҳизбӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Саломатии худро аз бемори эмин медорем» баргузор намуда, бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмонидаҳӣ ва варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.
Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳаматарафа фаҳмонида доданд.