ВОСЕЪ. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ аксия таҳти унвони “Саломатӣ гавҳари ноёб аст!” доир намуданд.
Зимни баргузории аксия масъулин бо сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат намуда, иброз доштанд, ки саломатӣ гавҳари ноёб аст, бинобар ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоему худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ бидорем.
Дар идома аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои маълумоти бештар пайдо намудани сокинон аз бемориии ҳамагир ба онҳо варқаҳои тарғиботӣ дастрас карданд.