ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади суҳбат оростан атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва тақвият додани робита бо маҳал бо сокинони деҳаи Бобосафоли ҷамоати деҳоти Гулшан вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар дар бораи нақши ҲХДТ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ суҳбат намуд.
Сипас, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ибрози ақида кард.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер оид ба мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуд.
Бо мақсади боз ҳам наздик шудан ва робитаи пайваста доштан бо сокинони маҳал дар деҳаи мазкур бо овоздиҳии аъзои ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Бобосафол” таъсис дода шуд.
Дар охири маҷлис сокинони деҳа иброз доштанд, ки баргузории чунин вохӯрию суҳбатҳо ба манфиати кор буда, барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ- сиёсӣ ва маънавии мардум мусоидат мекунад.