БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Оид ба тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия гардиш доир намуданд.

Зимни гардиш бо сардорони оилаҳо оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба онҳо дастур доданд, ки дар шароити пешомада кишту корро дар саҳро хуб бароҳ монанд ва ҳосили дихоҳ ҷамъоварӣ намуда, дар амнияти озуқавории хонаводаашон саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз аз тарафи масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg