КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии “Технолог” - Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Истифодаи самараноки гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон -омили рушди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода, роҳбарияти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2021, №88 “Дар бораи Нақшаи баргузории чорбиниҳои илмӣ ва илмию - техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” дар донишкада роҳандозӣ гардида, фарогири мавзуҳои мухталиф оид ба рушди соҳаи гиёҳдармонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.