БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Конференсияи 18-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раиси комиссияи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва дигар нафарон иштирок намуданд.

Гулрухсор Шарифзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб нахуст ба сухан баромада, қайд намуд, ки конференсия аз  як масъала иборат мебошад, пешниҳоди номзадҳо ба  вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаҳои интихоботии №1 ва 25.

Инчунин, мавсуф қайд дошт, ки дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ваколатҳои ду вакил аз ҳавзаҳои №1 ва 25 қатъ гардида, санаи 5.12.2021 интихобот эълон карда шуд.

Бо назардошти ин ҷиҳати муайян намудани мавқеи ҳизб дар ин самт дар рафти кори конференсия аз ҷониби вакилони конференсия пешниҳод гардид, ки Ситора Одинаева  омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ҳамчун номзад дар ҳавзаи интихоботии №1 ва Нуриддинзода Сайҷамолиддин  директори “Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун номзад дар ҳавзаи интихоботии №25 пешбарӣ карда шуданд.

Дар рафти конференсия номзадҳои пешбаришуда баромад карда, аз вакилони конференсия барои бовариашон изҳори миннатдорӣ намуда, итминон доданд, ки тамоми нерӯи ақливу зеҳнӣ ва ҷисмонии худро ба манфиати халқу Ватан равона мекунанд.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ хотима бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg