ҚУБОДИЁН. Озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯъҳои Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён роҳандозӣ гардидааст, оғоз гардид.
Ба хотири дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин озмун ва муайян намудани беҳтарин эҷодкорони ҷавон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳия вохӯрӣ доир намуданд. Зимни суҳбат зикр гардид, ки мақсад аз ташкилу баргузории ин гуна озмуну маҳфилҳои эҷодӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои миллату давлатдорӣ, бедор намудани завқи эҷодии насли ояндасози ҷомеа ва ҳамзамон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мазкур иброз доштанд, ташкили озмуну маҳфилҳои илмиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани савияи дониш ва ташаккули афкори наврасону ҷавонон нақши муассир гузошта, таваҷҷуҳи онҳоро ба хониши аъло, омӯзиши касбу ҳунар ва рушду такмили маҳорат зиёд мегардонад.
Қобили зикр аст, ки озмуни “Иншои беҳтарин” ба истиқболи санаҳои муҳими таърихии кишварамон, яъне Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами миллӣ бахшида шудааст. Ғолибони озмунро бо сипосномаву туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён сарфароз гардонида мешаванд.