БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ-САОДАТМАНДИИ РӮЗГОР

          Дар қонуни асосӣ ҳар ҳарф офтоб аст,

        Бе қонуни асосӣ кори ҷаҳон хароб аст.

АНДЕША. Конститутсия дар  навбати худ ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо амал мекунад, лекин он дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ зиёда аз дусаду панҷоҳ соли охир амал карда истодааст.

Аввалин ибораи Конститутсия ҳанӯз дар аҳди Рӯми қадим маълум буд. Он вақт баъзе санадҳои муҳими шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, Конститутсия ном доштааст.

Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон, кишвари мо ба буҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда солҳои 1991-1992 фаъолияти тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кашмакашиҳои сиёсӣ ва бесарусомониҳо ба миён омаданд. Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Точикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки ин воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Точикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.

Барои ба эътидол овардани вазъият, тағйири комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ,  мо бояд Конститутсияи нав қабул мекардем. Бо ин мақсад, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд.

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин амали асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Ҳар як давлат рамзҳои муайяне дорад, ки ҳамчун шиносномаи давлату халқият эътироф шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистони мо низ дорои ин гуна рамзҳо ва ё бо таъбири дигар «Муқаддасоти миллӣ» мебошад. Яке аз муҳимтарини ин муқаддасоти миллӣ Конститутсия аст, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқи тамоми фаъолияти шаҳрвандони ҷумҳуриро ба танзим медарорад.

Конститутсия танҳо як калимаи дарбаргири чандин ҳуруф нест, балки ифодагари тамоми орзую омол ва марому мақсади халқи шарифи Тоҷикистон аст. Он яке аз арзишмандтарин муқаддасоти милливу давлатӣ буда, на танҳо ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, балки фаъолияти иҷтимоиву ахлоқии мардумро низ ба танзим медарорад.

Хулоса, ҳар яки моро зарур аст, ки қатори дигар муқаддасоти миллӣ Рӯзи Конститутсияи давлатамонро гиромӣ дорем ва арҷгузорӣ намоем.

Собиров Далер, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Кӯшониён           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg