БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОТИРАИ ГУЗАШТАГОНРО ПОС МЕДОРЕМ!

ЁВОН. Дар оромгоҳҳои деҳаи Оби шифои Ҷамоати деҳоти Норин бо мақсади роҳандозӣ намудани  корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи xашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ”  ҳашари дастаҷамъона  баргузор гардид.

Мардуми деҳаи Оби шифо дар ин рӯз барои ободу зебо ва тоза намудан аз алафҳои бегона, нарм намудани бехи дарахтон ва додани об ба гулу буттаҳо дар оромгоҳи деҳаи мазкур сарҷамъона ба ҳашар баромада, як гӯшаи мавзеъро тоза намуданд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо домулоимомҳо, масъулини ҷамоат ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоат фаъолияти сокинони деҳаро назаррас арзёбӣ намуда, барояшон изҳори ташаккур намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg