ЁВОН. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва иқдоми шоистаи созандагиву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани соҳаи маориф дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Ёвон бо иштироки падару модарон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи бунёди 8 синфхонаи иловагӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ муҳокима ва баррасӣ гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат иштирок ва суханронӣ намуда, иқдоми муассисаи мазкурро ҳаматарафа дастгирӣ намуд ва зикр сохт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия низ дар иқдоми мазкур бетараф набуда, дар доираи имкониятҳо кумак мерасонад.