БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОРОМГОҲҲО НИЗ СОЗАНДАГӢ МЕХОҲАНД

ЁВОН. Дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию ободкорӣ дар доири Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” мардуми деҳаи Оҳуҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, оромгоҳи деҳаро тозаву озода намуданд.

Аҳолии деҳаи Оҳуҷар дар ин рeз барои ободу зебо ва тоза намудан аз алафҳои бегона, нарм намудани бехи дарахтон ва додани об ба гулу бутаҳо дар оромгоҳи деҳаи мазкур сарxамъона ба ҳашар баромада, як гeшаи мавзеъро тоза намуданд.

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон амали хайрхоҳонаи сокинони деҳаи Оҳуҷарро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, корҳои созандагиашонро давоми иқдомҳои ватандорӣ арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg