ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохурии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик Асомудинзода Садбарг бо сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Зимни мулоқот дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар деҳа буд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба иштирокдорон фаҳмонид.
Инчунин, оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ маълумот дод.
Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳа андешаҳои худро баён намуд ҷонибдории худро баён карданд.