БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ 16 – УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

АНДЕША.  Иҷлосияи XVI – Шурои Олӣ   16.XI. 1992 дар шаҳри  бостонии Хуҷанд, дар Қасри  Арбоб баргузор гардид, ки ба давлати  имрӯзаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол санги асос  гузошт. Аҳамияти  таърихии Иҷлосияи XVI – Шурои Олӣ   дар он буд, ки мамлакати порагаштаи дар ҳолати нестшавӣ бударо  дигарбора бо ҳам оварда, таввасути сиёсати  хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо ҳам оварда намояндагони халқро сари мизи  мудавар  ҷамъ оварда баҳри ояндаи халқу миллати  худ андешаи солимро пеша намоянд.

Аҳамияти дигари  таърихии ин  Иҷлосияи тақдирсоз дар он буд, ки дар ин  иҷлосия бори нахуст гурӯҳҳои мухолифи минтақаҳои  даргирифта, даъват  карда шуда мақсаду мароми онҳо  шунида шуда, масъалаи ҳарчӣ тезтар  аз баён бурдани низои дохилӣ ва бо ҳам оштидаронидани  роҳбарони гурӯҳҳои бо ҳам  муқобилро дар ин иҷлосия  мавриди музокира қарор дода шуд.

Дар иҷлосия боварии намояндагони  мардумиро ба ояндаи неки кишварамон зиёда гардонида ба мардум умеди баргардонидани гурезагонро аз  кишварҳои ҳамсоя эътимод бахшиданд.

Аввалин ваъдае, ки доданд “ Ман ба  Сулҳ меорам”  Тоҷикистон ватани тамоми тоҷику  Тоҷикистониён, “ Ман то як тоҷики бурунмарзиро ба  ватан барнагардонам худро  осуда ҳис намекунам”.

Аҳамияти таърихии Иҷлосия дар он буд, ки умеди мардуми сарсону пароканда танҳо ба роҳбари одилу  ғамхори кишвар, фарзона фарзанди миллат фиристодаи худованд барои миллати тоҷик, раҳобахшандаи  халқу давлатӣ тоҷик аз парокандагӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Сарвари давлат аз рӯзҳои аввалӣ ба сари қудрат омаданашон танҳо ба хотири ояндаи неки давлату  миллат саю талош намуданд, ки ин хислатҳои  наҷибш онро маҳбуби дилу азизи  ҷонашон гардониданд. Ва ҳар сухане, ки намегуфтан дар ҳол баҳри амалӣ гаштанаш камари ҳиммат мебастанд.

Аҳамияти дигари таърихии Иҷлосияи XVI – Шурои Олӣ   др он буд, ки  вакилони даъватшуда боварии ояндаи неки Тоҷикистонро  ба ин санат гумонбар набуданду умед  надоштанд. Вақто, ки Пешвои миллатро дар ин  иҷлосия ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб  карданду бо тариқи овоздиҳии пинҳони ба вай вакилон  овоз доданд, ки дар толори  вакилоне буданд, ки ба қудрату тавоноӣ  ғаюрию ҷасорати ин абадмарди тоҷик  бовар надоштанд, ҳатто худ ба худ мегуфтанд, ки аз уҳдаи ин  давлати пароканда баромада наметавонад, гӯён аз канор назорат карда қувваи нетралитет амали хеш меҳисобиданд. Онҳо  интизор буданд, ки баъди андак муътадил гаштани вазъи сиёсии кишвар  дарҳол  табадулоти ҳарбӣ карда, ба сари  қудрат меоянд. Онҳот мисли морҳои афи дам дарун кашида,  интизори лаҳзаҳои мувофиқашон  буданд. Ва дар он  лаҳзаҳои ҳассос ва оғози гуфтушинидҳо  бо сарварони қувваҳои мухолифин  роҳҳои  алтернативиро ба роҳбарони  гурӯҳҳои  мухолифин  пешниҳод намуда, ҳайати  комиссияи  оштии  миллиро халалдор месохтанду монеагӣ эҷод  мекарданд ва ҳамзамон дар Тоҷикистон  намехостанд, ки  сулҳу салоҳ бошад. Аммо ин ҳолатро  Пешвои миллат медонистанду худашон бо роҳи  музокират  сари мизи мунаввар нишаста бо мухолифин  гуфтушунид мекарданд. Бо ҳамаи масъалаҳои пешниҳоднамудаи роҳбарони гурӯҳҳои мухолифин  розигиашро дода ниҳоят  санаи 27.07.1997 Шартномаи Истиқрори Сулҳ дар шаҳри Маскав бо сарони Қувваҳои  мухолифин  ба имзо расид, ки  барои миллати тоҷик боиси  ифтихору сарбаландӣ буд. Аз рӯзи имзо кардани шартномаи Истиқрори сулҳ мо  ин санаи муборакро ҳамчун рӯзи  ваҳдати  миллӣ ҷашн мегирему, он рӯзро  ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Маҳз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат  буд, ки  имрӯз Тоҷикистон аз давлати парокандашуда ба як давлаи рушдкунанда рӯ ба тараққӣ табдил  ёфтааст. Зиндаву поянда бод Тоҷикистони азизу муқаддаси мо таҳти сарварии Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон

Каримзода Пирмаҳмад, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg