БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд намудаанд, ки «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқукбунёд аст».

Дар ин ҷода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат роҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд. Акнун дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа, тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, талаботи замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон- Тоҷикистони маҳбубамон  гардид. Воқеан дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона, устуворӣ дар пояи меъёрҳои  ҳуқукӣ татбиқ менамояд.Чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилаллӣ рисолати воқеии худ қарор додаст.Он ба ҳукми қонуни асосии тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст.Муҳимтар аз ҳама роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат, чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва меравад сӯйи ояндаи некӯи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Бо эътимод метавонам гуфт, ки 27- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза бахшад.

Абдувализода Шукрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg