Н. ХУСРАВ. Ин навбат намояндагони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муминобод”-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол вохӯрӣ баргузор гардида, миёни сокинон ҷиҳати тарғиби Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Аз муҳтавои мулоқоту суҳбатҳо сокинон ба худ таассуроти нек бардошта, иброз доштанд, ки минбаъд низ чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шавад.