ХУРОСОН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид ва амалигардонии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо иштироки занони фаъол ва собиқадорони ҳизб миёни аҳолии ҷамоати шаҳраки Обикиик мулоқот доир намуданд.
Ин чорабинӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати мазкур бо иштироки 100 нафар сокинон гузаронида шуда, вобаста ба масъалаи мазкур шахсони масъул ва рӯзгордида андешаҳои хешро баён доштанд.