ҶАЙҲУН. Бо ташшаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун шанбегӣ баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки чунин шанбегӣ дар назди бинои ҳизб, назди Нишон ва Парчами давлатӣ ҳар ҳафта баргузор гашта, гирду атроф ва бехи дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабзи ин мавзеъ бо ҷалби фаъолону волонтёрони ҳизбӣ аз ҳар гуна партовҳо тоза карда мешавад.