ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии «Фирдавсӣ», “Камароб” ва “Бошқалъа” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ ёдоварӣ” доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Худоёров Муқим иштирок намуда, бо иштирокдорон вобаста ба мавзӯи мубрами рӯз суҳбати самимона анҷом дод. Дар ин рӯз беш аз 528 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳи маҳаллаҳои Чапарӣ 1-2, Камароби ҷамаоти деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳ ҷамъ омада, дар ин амали нек саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдовари” дар оянда низ аз ҷониби масъулин дар дигар маҳаллаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида мешавад.