ЁВОН. Ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якxоя месозем!» ва Амалиёти умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” дар 17 оромгоҳҳои ноҳияи Ёвон шанбегии умумимаҳаллӣ доир карда шуд.
Чунин як ҳашари дастаҷамъона дар оромгоҳи Хуҷақамбари деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова доир карда шуд, ки зиёда аз 320 нафар сокинони касбу кор гуногун бо мақсади гиромидошти хотираи гузаштагони худ дар ҳашари дастаҷамъона иштирок намуданд.
Намояндагони Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо домуллоимомҳо, масъулини ҷамоат ва бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти мазкур фаъолияти сокинони деҳҳаро назаррас арзёбӣ намуда, барояшон изҳори ташаккур карданд.