БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи мубориза зидди терроризму экстремизм- таъмини амният, оромӣ ва суботи кишвар аст!

ПАНҶ.  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони  «Муқовимат бо терроризм ва  ифротгароии хушунатомез» аз 4 майи соли 2018,  ҳамчунин дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо сокинони маҳаллаи Қодир Зоидови ҷамоати шаҳраки Панҷ  вохӯрӣ доир гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музаффар иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Дар суханрониҳо қайд карда шуд, ки ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба  дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон  барои мубориза бо терорризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ  ва молиявӣ тавассути  қабули қарорҳо тадбирҳои  муштарак  чораандешӣ намудан лозим аст. Ҳадафи мубориза зидди терроризму экстремизм ин таъмини  амният, оромӣ ва cулҳу субот дар кишвар ва тамоми ҷаҳон мебошад.

 Дар идома масъулон ҳамзамон оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   суханронӣ  намуданд.

Дар фарҷоми  вохӯрӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ,баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст  ба роҳ мондани корҳои таблиғоти нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва инчунин фаҳмондадиҳии моҳият, оқибат ва пайёмадҳои гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор буда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.

Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, Қодир Зоидов номгузорӣ карда шуд.

Дар фарҷом ба нафароне, ки дар асоси ариза ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg