БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ ТАТБИҚ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштан,  инчунин ҳифзи оромгоҳҳо аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар оромгоҳи деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Дар оромгоҳи деҳаи номбурда бо иштироки масъулини ҳизбӣ, имомхатибон, волонтёрон ва зиёда аз 240 нафар сокинон Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» дар баргузор гардида, гирду атофи ва дохили оромгоҳи деҳа аз ҳар гуна партову хасу хошокҳо тоза ва  бехи дарахтон нарм карда шуданд.

Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» пиру ҷавони деҳа иштирок намуда, саҳми хешро дар ин амали хайр гузоштанд ва иброз доштанд, ки минбаъд низ ба хотири пос доштани рӯҳи гузаштагон ва тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо дар чунин аксияҳо фаъолона иштирок менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg