БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ БАҲРИ РУШДИ САЙЁҲӢ (Таасурот аз рафти сайёҳати ҳизбиёни пешсаф ба тарафи Искандаркӯл)

АНДЕША. Барои халқи тоҷик яке аз дастовардҳои бузурги таърихӣ ин Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистони азизамон рушду нумуъ ёбад ва мардумаш ба зиндагии арзанда ноил гардад. Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид соҳиби як овоз гардид, ки ифтихори тамоми миллат ба ҳисоб меравад. Зимнан, бояд гуфт, ки имрӯзҳо қабули ҳар як қонуну қарорҳои давлату Ҳукумат ва роҳандозии ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум равона карда мешавад. Ва аз он сарфарозем, ки ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои оқилонаи Сарвари давлати тоҷикон пазируфта мешавад ва мавриди амал қарор мегирад.

Аз ҳама муҳим барои аз нав эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои қадимаи аждодӣ, ки қариб ба фаромӯшӣ рафта буданд ва дар баробари ин баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳар як хонавода дар маҷмӯъ тамоми Тоҷикистон Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мурдумӣ” эълон намуданд, ки идомаи ташаббусҳо ва тадбирҳои ояндабинонаашон ҷиҳати боло бардоштани некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани мероси бои таърихию фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва чашмаҳои шифобахшаш яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳист. Воқеан, Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз, тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Албатта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси наҷиб ва ояндабин дарёфтанд, ки рушд додани сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми ғанӣ гардонидани иқтисодиёти мамлакатро ташкил хоҳад дод. Барои рушди сайёҳӣ ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароит муҳайё буда, дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдомҳои наҷиб амалӣ гардида, шароитҳои мусоид фароҳам шуда истодаанд.

Дар ҳамин замина аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббуси тозае рӯи кор гирифта шуд, ки ба ин васила ҳар як корманди ҳизбӣ ҳавасманд гардида, аз тарафи дигар бошад бо маконҳои сайёҳии мамлакат аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд.

Аллакай дар доираи ташаббуси ҳизби вилоят зери унвони “Сайёҳати кормандони пешсафи ҳизбӣ” ду навбат аст, ки мо кормандони масъули ҳизбӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маконҳои сайёҳию табиати зебодошта сарбар карда мешавем.

Навбати аввал ба шаҳрҳои Норак ва Душанбе сафарбар шуда, аз маконҳои сайёҳию таърихии ин шаҳрҳо дидан намудем.

Сайёҳати навбатӣ бошад, ба тарафи Искандаркул буд. Нахуст, субҳи 30.10.2021 дар фазои сулҳу субот бо роҳбаладии ширкати “Бунёд Тур” мо кормандони масъули ҳизбӣ ба тарафи Искандаркул раҳсипор шудем.

Баъди расидан ба ин макон, ки тули зиёда аз як соат аз ҳар гӯшаву канори зебову форамаш сайру гашт намуда, бо якчанд нафар сайёҳони хориҷӣ рӯ ба рӯ гашта, ба худ ҷаҳон ҷаҳон таасуроти нек бардошт намудем. Махсусан, ба тарафи шаршарае, ки аз баландии зиёда аз 43 метр ба поин мерехт бо завқ тамошову аксбардорӣ кардем, ки бисёр ҷолибу диданӣ ва хотирмон буд.

Дар доираи таасуроти хеш изҳор медорам, ки ҳар фарде, ки дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бояд маротибае ба тарафи ин кӯли зебову диданӣ рафта бошад. Тавре мегӯянд: “Шунидан кай бувад монанди дидан!?” месазад, ки барои дидани чунин макони зебову дилнишин як рӯзи худро сарфа карду аз он боздид намуд, чун итминон дорем, ки баъди дидани ин мавзеъ дар хотираи инсон тамоми ҳаёт нақш хоҳад монд. Шахсан ман бори аввал аст, ки тарафи Искандаркул рафтам ва афсӯз сафари мо ҳамагӣ якрӯза буд, агар маротибаи дигар фурсат даст дода бошад, он ҷо рафта, рӯзҳои зиёд хоҳам истоду аз табиати тозааш ҳаловат хоҳам бурд.

Дар хулоса қайд кардан зарур аст, ки чунин иқдоми навро рӯи даст гирифтан аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ саривақтӣ буда, барои қадр намудани меҳнат ва вусъат бахшидани қобилияти кории кормандони ҳизбӣ ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои олии ҳизб таъсири мусбии худро хоҳанд расонид.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg