Саёҳати якрӯзаи кормандони пешсафи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба минтақаҳои шаҳри Душанбе-Варзоб ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд сурат гирифт.
Бояд кайд кард, ки ташаббуси мазкур дар заминаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси Рейтинги ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар якҷоягӣ бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба санаи муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардидааст.
Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тӯли чанд муддат тасмим гирифтааст, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои рейтинги ҳизбӣ кормандони пешсафи ҳизбиро барои ҳавасмандгардонӣ ба мавзеҳои зебои Тоҷикистон сафарбар намояд. Ин навбат пешсафони ҳизбӣ ба мавзеи Искандаркӯли ноҳияи Айнии вилояти Суғд ташриф оварда, аз манзараҳои дилнишин дидан карданд.
САЁҲАТИ ПЕШСАФОНИ ҲХДТ БА ИСКАНДАРКӮЛ
Меҳроҷ Ғуломов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари гурӯҳ афзуд, ки сафари сайёҳие, ки бевосита тибқи ҷадвали механзими баҳогузории кормандон аз рӯйи рейтинги ҳизбӣ доир гардид, ин хатсайр ба мавзеи таърихии Искандаркӯл, яъне хатсайри Душанбе-Варзоб шуда гузашт. Дар сафари мазкур кормандони пешсаф аз Кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру навоҳии он ҷалб карда шуда, аз табиати нотакрор ва мавзеи таърихии кишвари азизамон, аз ҷумла дараи Варзоб дидан намуданд. Кормандоне, ки дар ин сафар моро ҳамроҳӣ намуданд, бештари онҳоро ҷавонон ташкил дода, аз нақби Истиқлол, ки бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст, шинос шуданд.
Мавсуф мегӯяд, ки дар кишвари азизамон таҳти сиёсати ободкоронаи Президенти кишвар мардум рӯз то рӯз ба зиндагии босаодат таъмин гардида, озодона дар чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ширкат менамоянд ва ин боиси ифтихори ҳар як сокини мамлакат мебошад. Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -ҳизби мардумӣ буда, имрӯз таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият менамояд, ироа дошт Меҳроҷ Ғуломов.
Ӯ дар охири суҳбат гуфт, ки сафаре, ки гурӯҳи мо ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд, яъне мавзеи Искандаркӯл анҷом доданд, бисёр сафари хотирмон буд ва мо дар оянда кӯшиш мекунем барои кормандони пешсафи ҳизбӣ шароити хуби сайёҳатро фароҳам созем.
ИСКАНДАРКӮЛ БАРОЯМ ТАСАВВУРНОПАЗИР БУД
Ҳамчунин, Умеда Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ иброз дошт, ки “дидани мавзеи Искандаркӯл бароям тасаввурнопазир буд. Аз ҳавои тозаву боди форамаш ба худ як рӯҳияи тоза гирифтам. Зеро чунин мавзеъ ба инсон илҳом бахшида, боиси ташаккули сатҳи ҷаҳонбияш хоҳад шуд, хусусан кӯҳҳои осмонбӯсе, ки пур аз барф буданд”.
Боиси зикр аст, ки дар доираи ин сайёҳат зиёда аз 30 нафар пешсафон аз Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуданд. Оянда низ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чунин иқдомро идома хоҳад дод.
ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ БАҲРИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Сафар дар ин мавзеи афсонавӣ барои Сабоҳат Салимова мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш хеле хотирмон буд. Ӯ мегӯяд, ки “ Беҳтарин мавзее буд, зеро бори аввал аст, ки ба Искандаркӯл сафар кардам ва ин дар ҳаёти мо нақши муассир хоҳад гузошт. Барои дар оянда боз аз ҷойҳои дигари таърихӣ дидан намудан, кӯшиш менамоям ҳамеша дар сафи пешсафон бошам”.
ЯК РӮЗИ САЙЁҲӢ БО ҶАҲОНЕ ТААССУРОТ
Имрӯзҳо қабули ҳар як қонуну қарорҳои давлату Ҳукумат ва роҳандозии ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум равона карда мешавад. Ва аз он сарфарозем, ки ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои оқилонаи Сарвари давлати тоҷикон пазируфта мешаванд ва мавриди амал қарор мегиранд, афзуд Фирӯз Саидмӯминзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб.
Ӯ ироа дошт, ки аз ҳама муҳим барои аз нав эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои қадимаи аҷдодӣ, ки қариб ба фаромӯшӣ рафта буданд ва дар баробари ин баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳар як хонавода дар маҷмӯъ тамоми Тоҷикистон, Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мурдумӣ” эълон намуданд, ки ин идомаи ташаббусҳо ва тадбирҳои ояндабинонаашон ҷиҳати боло бардоштани некӯаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани мероси бойи таърихию фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва чашмаҳои шифобахшаш яке аз маконҳои ҷолиби сайёҳист. Воқеан, Тоҷикистон як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки имрӯз тамоми сайёҳону меҳмонони олам мафтуну шефтаи он гаштаанд. Маҳз, тавассути сиёсати оқилонаи Пешвои миллат марҳила ба марҳила ҷумҳурии мо ободу зебо гардида, таваҷҷуҳи сайёҳон ба минтақаҳои зебои он меафзояд. Албатта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси наҷиб ва ояндабин дарёфтанд, ки рушд додани сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми ғанӣ гардонидани иқтисодиёти мамлакатро ташкил хоҳад дод. Барои рушди сайёҳӣ ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароит муҳайё буда, дар ин ҷода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр иқдомҳои наҷиб амалӣ гардида, шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамин замина аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташаббуси тозае рӯи кор гирифта шуд, ки ба ин васила ҳар як корманди ҳизбӣ ҳавасманд гардида, аз тарафи дигар бошад бо маконҳои сайёҳии мамлакат аз наздик ошноӣ пайдо мекунанд.
Фирӯз Саидмуминзода мегӯяд, ки аллакай дар доираи ташаббуси ҳизби вилоят зери унвони “Сайёҳати кормандони пешсафи ҳизбӣ” ду навбат аст, ки мо кормандони масъули ҳизбӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маконҳои сайёҳию табиати зебодошта сафарбар мегардем.
Навбати аввал ба шаҳрҳои Норак ва Душанбе сафарбар шуда, аз маконҳои сайёҳию таърихии ин шаҳрҳо дидан намудем.
Сайёҳати навбатӣ бошад, ба самти Искандаркӯл буд. Нахуст, субҳи 30 октябри соли равон дар фазои сулҳу субот бо роҳбаладии ширкати “Бунёд Тур” мо кормандони масъули ҳизбӣ ба ҷониби Искандаркӯл раҳсипор шудем. Баъди расидан ба ин макон, ки тӯли зиёда аз як соат аз ҳар гӯшаву канори зебову боди форамаш сайру гашт намуда, бо якчанд нафар сайёҳони хориҷӣ рӯ ба рӯ гашта, ба худ ҷаҳон- ҷаҳон таасуроти нек бардошт намудем. Махсусан, ба шаршарае, ки аз баландии зиёда аз 43 метр ба поин ҷорӣ мешуд, бо завқ тамошову аксбардорӣ кардем, ки бисёр ҷолибу диданӣ ва хотирмон буд.
Мавсуф дар охири сухан қайд кард, ки чунин иқдоми навро рӯи даст гирифтан аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ саривақтӣ буда, барои қадр намудани меҳнат ва вусъат бахшидани қобилияти кории кормандони ҳизбӣ ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафҳои олии ҳизб таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
САЁҲАТ ДАР ИСКАНДАРКӮЛ ХОТИРМОН БУД
Нигора, Ҳасанова, корманди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ мегӯяд, ки бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бори дуюм аст, ки тибқи Рейтинги ҳизбӣ пешсафони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои шиносоӣ бо мавзеҳои таърихии кишвар ба сайёҳат сафарбар карда мешаванд. Ман ҳамчун иштирокчии сафари сайёҳӣ ифтихор мекунам, ки дар ин ду сайёҳат аз рӯйи нишондиҳандаҳои рейтинги ҳизбӣ пешсафиро соҳиб гардида, дар сайёҳати навбатӣ низ ширкат варзидам. Воқеан мавқеъ ва манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар амал эҳсос намудам. Сайёҳате, ки чанд рӯз қабл баргузор гардид, моро ба мавзеи Искандаркӯл, ки яке аз нуқоти таърихии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, аз наздик ошно намуд.
Ӯ афзуд, ки гарчанде дар бораи Искандаркӯл маълумоти маҳдуд доштам, дар баробари тамошои табиати афсункор аз ин мавзеи таърихӣ эҳсос намудам, ки Тоҷикистон дорои манзараҳои зебову назаррабо мебошад. Бояд қайд намоям, ки сайёҳати мо ҳизбиён бисёр дар сатҳи баланд доир гардида, аз сирру асрори ин мавзеъ, манзараи афсонавии як гӯшаи диёрамон- Тоҷикистони биҳиштосо аз наздик шинос шудам. Чи хеле ки мегӯянд: "Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст" ва аз доштани чунин Ватан ифтихорманд низ ҳастам. Искандаркӯл дорои манзараҳои басо ҷолибу диданӣ буда, диққати ҳар як сайёҳро ба худ ҷалб мекунад ва аз ин мавзеъ мо, сайёҳон ба худ таассуроти нек бардоштем, - зикр намуд Нигора Ҳасанова.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон