БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР ШАҲРИТУС

ШАҲРИТУС. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои Баҳористон ва Чуянчии ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳористон» ва «Чуянчӣ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  иштирок дошта,  қабл аз оғози Аксия намояндагони Кумитаи иҷроия бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи он, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон машғул шуда, як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg