БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”-РО СОКИНОН ДАСТГИРӢ КАРДАНД

ПАНҶ.  Амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор дар оромгоҳи ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат,  аз ҷумла Файзобод 1 ва Вахиё ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» гузаронида шуд, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва 115 нафар сокинони меҳнатдӯстӣ деҳаи номбурда иштирок намуда, саҳми худро дар ин аксия гузоштанд.

Зимни баргузории аксияи ҳизбӣ  корҳои тозагӣ ва ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинон бехи дарахтонро  аз  хасу хошокҳо тоза карданд.

Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани ҳашари умумӣ аз тарафи масъулин ба иштирокчиён муҳтаво ва ҳадафи аксияи мазкурро фаҳмонида, қайд гардид, ки онҳо метавонанд минбаъд низ ҳар моҳ чунин кори хайрро амалӣ намуда, рӯҳи гузаштагони худро шод намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg